Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ҷашнии СҲШ шурӯъ шуд


Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шурӯъ шуд, ки ба даҳсолагии таъсиси ин созмон бахшида мешавад.

Қарор аст, ки дар нишаст масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳкими сохтори зиддитеррористии созмон, авзоъ дар Ховари Миёна, Африқои шимолӣ ва Афғонистон баҳсу баррасӣ шавад.

Ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG