Эҳтимол меравад дар авоили моҳи сентябри соли ҷорӣ, раиси ҷумҳурӣ Русия аз Тоҷикистон дидан намояд. Як манбаъи наздик ба ҳукумат бо таъйиди ин хабар ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ки сафари Дмитрий Медведев, дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки Тоҷикистон саргарми таҷлили 20-умин солгарди истиқлолияти худ хоҳад буд. Аммо ин хабарро ҷониби русӣ то ба ҳол таъйид накардааст. Гузоришҳо доир ба сафари қарибулвуқӯи раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки дирӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи як нома ба муносибати қабули Эъломияи истиқлолияти Русия, аз раиси ҷумҳури ин кишвар даъват ба амал оварда буд, ки аз Тоҷикистон боздид намояд. Гузоришҳо аз имкони сафари раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар ҳоле пахш мешавад, ки дар ду соли ахир равобити ду кишвар рӯ ба сардӣ ниҳодааст.
Дар зимн сафари дурӯзаи раиси ҷумҳури Русия имрӯз аз Тошканд оғоз мешавад ба гуфтаи коршиносон, дар дидори ӯ бо раиси ҷумҳури Узбакистон, масоили марбут ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар зимн сафари дурӯзаи раиси ҷумҳури Русия имрӯз аз Тошканд оғоз мешавад ба гуфтаи коршиносон, дар дидори ӯ бо раиси ҷумҳури Узбакистон, масоили марбут ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.