Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 000 кӯдак дар Тоҷикистон кор мекунад


Пахтачинии кӯдакон дар Данғара, тирамоҳи соли 2010
Пахтачинии кӯдакон дар Данғара, тирамоҳи соли 2010
Ба ҳисоби Созмони байналмилалии кор, ҳудуди 200 000 кӯдаки ноболиғ дар Тоҷикистон маҷбур будаанд, барои таъмини хонаводаҳои худ кор кунанд. Ситора Шокамолова, намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтааст, таҳқиқоти дар ҳамроҳӣ бо Ожонси омори ин кишвар анҷомшуда ҳокист, ки кӯдакони тоҷик дар рустоҳо асосан ба корҳои хонаву корҳои кишоварзӣ машғул буда, дар шаҳрҳо бештар дар бозору мағозаҳо ба кор фаро гирифта мешаванд. Натоиҷи ин таҳқиқот рӯзи 12 июн, ки Рӯзи байналмилалии мубориза бо кори кӯдак эълон шудааст, нашр шуд.
XS
SM
MD
LG