Дар Туркия имрӯз интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, ки ба эҳтимоли қавӣ дар он бори дигар ҳизби нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдӯғон пирӯз хоҳад шуд. Нахуствазири Туркия пас аз раъйдиҳӣ гуфт, натиҷаҳои интихоботро хоҳад пазируфт. Номзадҳои 15 аҳзоби сиёсӣ ва 200 номзади мустақили Туркия барои роҳ ёфтан ба порлумони дорои 550 курсӣ рақобат мекунанд. Ҳизби Адолат ва Тавсиаи Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, ғолиби ду интихоботи пешина, саъй дорад, то 330 курсии порлумонро аз они худ кунад. Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот шоми имрӯз эълом мешавад.