Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди нерӯҳои Сурия ба Ҷиср аш-Шуғури ноором


Телевизиони давлатии Сурия имрӯз гузориш дод, ки тонкҳо ва нерӯҳои давлатӣ барои маҳви “гурӯҳҳои мусаллаҳ” ба шаҳри ноороми Ҷиср аш-Шуғур дар шимолуғарбии кишвар ворид шудаанд. Амалиёти мазкур дар ҳолест, ки ҳукумати Сурия ҳамчунон ба саркӯби қиёмҳои мардумӣ алайҳи раиси ҷумҳур Башшор Асад идома медиҳад, ки аз моҳи март шурӯъ шуд. Мақомоти расмии Сурия мегӯянд, афроди мусаллаҳ ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ҷиср аш-Шуғур 120 сарбозро куштанд, аммо ба гуфтаи паноҳҷӯён ва ҳомиёни ҳуқуқ, ин сарбозон дар ошӯбе дар дохили артиш кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, то кунун дар ҷараёни саркӯби тазоҳуротҳои Сурия бештар аз 1000 нафар ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG