Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дусад ҳазор кӯдаки аробакашу мошиншӯ


Ҳудуди 200 000 кӯдаку наврас дар Тоҷикистон ба хотири таъмини хонаводаи худ маҷбуранд, ба ҳаммолӣ, мошиншӯӣ ва аробакашӣ машғул шаванд.

Ин оморро Созмони Ҷаҳонии Кор ҳамроҳ бо шаш барномаву созмонҳои дохилии Тоҷикистон дар як таҳқиқоти фарогир ироа кардааст.

Корманди намояндагии Созмони Ҷаҳонии кор дар шаҳри Душанбе, Ситора Шоҳкамолова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ натиҷаҳои ин пажӯҳишро тасдиқ намуд ва
Агар ман гапи модарамро гӯш накунаму кори фармудаи ӯро иҷро накунам бо сим, бо ҷорӯб бо кафш мезанаду маҷбурам мекунад...

афзуд, ин ниҳоди байнулмилалӣ дар назар дорад, ба хотири коҳиши мизони истифода аз нерӯи хурдсолону наврасон як таҳқиқоти муштаракро бо Маркази мутолиоти стратегии вобаста ба Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Ба қавли бону Шоҳкамолова, дар Тоҷикистон дар киштзорҳо, корхонаҳои хусусӣ ва бозору хонаҳо бо ҳар навъе аз нерӯи кӯдакон сӯистифода сурат мегирад. Ин одат дар ниҳояти амр сабаби дур мондани наврасон аз таҳсилу мактаб шуда, ба сарнавишти ояндаи онҳо таъсири манфӣ мегузорад.

Кӯдакон дар бозори мардикорон

Расул Шоҷонов, талабаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, ки агар супориши модараш ва ё падарашро иҷро накунад, ҳатман бо зӯр маҷбураш мекунанд: «Агар ман гапи модарамро гӯш накунаму кори фармудаи ӯро иҷро накунам, бо сим, бо ҷорӯб бо кафш мезанаду маҷбурам мекунад.»

Алишер Фаромузов, мудири Маркази таҳлилии Вазорати шуғл ва таъмини иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки ду сол аст, бо пуштибонии Созмони Ҷаҳонии Кор дар маркази таҳлилии онҳо бахши дидбонӣ ё мониторинги
Бачаҳои калонсол гуфтанд, ки биё, дуздӣ равем, ман розӣ шудам, рафтем сумкаи як кампира дуздидем. Нонашро гирифтему хӯрдем...
истифода аз нерӯи кӯдакон фаъол аст. Вай меафзояд, дар ин замина роҷеъ ба чанд масъалаи марбут ба хурдсолон таҳқиқот идома дорад:

«Мо наврасонеро зери назар гирифтем, ки дар бозорҳо бо боркашонию мошиншӯӣ машғул буданд. Маълум шуд, онҳо аз мактабҳо фирор кардаанд. Мо муваффақ шудем, ки дар соли 2011 наздики 12 нафарро ба мактабҳо баргардонем, ки аз инҳо 5 нафарашонро ба мактаб-интернатҳо супоридем,»

Вазъи сангини иҷтимоии хонаводаҳо, набуди ҷои кори муносиб, маоши ночиз водор мекунад, ки падару модар аз нерӯи наврасҳо истифода кунанд. Ин ҳолат баъзе аз хурдсолонро водор месозад, ки ба дуздию ғорат даст зананд, то дар поёни рӯз бо дасти холӣ ба хона наоянд.

Ҷамшед, як хурдсоли дигар нақл мекунад, ки дар бозор бо ҳамсолони дигараш вохӯрд ва онҳо барояш роҳи осонтари ба даст овардани пулу чизро ёд доданд: «Бачаҳои калонсол гуфтанд, ки биё, дуздӣ равем, ман розӣ шудам, рафтем сумкаи як кампира дуздидем. Ноноша гирифтему хӯрдем, дигар чизҳояша гирифтем».

Дар ҳамин ҳол, мудири Мактаби махсуси кӯдакони душвортарбияи шаҳри Душанбе, Намозхон Бобиев, мегӯяд, дар соли равон шумораи талабагоне, ки аз кӯчаҳо оварда шудаанд, ба маротиб бештар шудааст. Инҳо аксаран хурдсолоне будаанд, ки бинобар ниёзмандии хонаводаҳо иҷборан ба кори сиёҳ ҷалб шудаанд: «Ба бозорҳо меравед, ҳатто шабона бештар аз 100 кӯдакро мебинед, ки дар бозорҳо хобидаанд. Бепарвоии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам боиси афзоиши кӯдаконе шудааст, ки худро ба бозорҳо задаанд.»

Созмони Ҷаҳонии Кор бо нашри гузориши нав зери шиори коҳиши ҳатмии истифода аз нерӯи хурдсолон маълум мекунад, ки дар миёни 215 миллион наврасу хурдсоле, ки дар саросари ҷаҳон ба корҳои мухталифи сиёҳ ҷалб шудаанд, 115 миллион нафари онҳо ба корҳои хатарнок машғуланд.

Синни 53 миллион нафар кӯдаки хурдсоле, ки бо кори хатарнок машғуланд, аз 5 то 14 сола аст. 62 миллион нафари боқимонда 14 то 15 сол доранд.

Созмони байнулмилалӣ таъкид мекунад, ки истифода аз нерӯи хурдсолону наврасон дар бисёр ҳолат боиси ҳалокат ё ҷароҳати онҳо мегардад.
XS
SM
MD
LG