Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон паноҳҷӯёнро ба Узбакистон супурд


Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ки онҳо 29 нафар паноҳҷӯёни узбакро ба Узбакистон супурдаанд. Онҳо аз як сол ба ин сӯ дар яке аз боздоштигоҳҳои Алмаато ба сар мебурданд. Хадамоти Муҳоҷиратии Қазоқистон нахостааст ба онҳо дар ин кишвар паноҳандагӣ дода шавад. Созмонҳои ҳуқуқи башари Қазоқистон ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мумкин аст ин 29 нафар дар Узбакистон боздошт ва мавриди шиканҷа қарор бигиранд. Онҳоро барои тундгароии исломӣ гунаҳгор медонанд.
XS
SM
MD
LG