Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Башор Асад наметавонад тағйирро боздорад


Ҳилларӣ Клинтон дар Абудабӣ
Ҳилларӣ Клинтон дар Абудабӣ
Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико ба Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ҳушдор дод, ки аз аз ҳар гуна хушунат даст бардорад. СММ низ аз режими Сурия хост, ки “ҳамла ба мардуми худро боздорад”. Хонум Клинтон зимни суханони худ дар поёни мулоқоти марбут ба масоили Либия дар Абудабӣ гуфт, Асад наметавонад аз тағироте, ки мардум мехоҳанд, ҷилавгирӣ кунад:

“ Мо бо муттаҳидони худ дар ҷомеаи байналмиллалӣ кор мекунем, то ба ин хушунат хотима диҳем ва аз ислоҳоти сиёсисву иқтисодӣ ҳимоят кунем. Президент Асад мехоҳад ин тағироти идомадошта дар Сурияро ба таъхир андозад, вале наметавонад онро боздорад”.

Вазири хориҷаи Фаронса ва Кумиссари Олии СММ дар умури ҳуқуқи башар низ режими Башор асадро барои куштори мардум муттаҳам карданд. Ҳоло дар Сурия бештар аз 1 000 нафар кушта, беш аз 10 000 нафари дигар боздошт шудаанд
XS
SM
MD
LG