Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии ҷанги 10-солаи Афғонистон дар қароргоҳи НАТО


Дар остонаи тарки Афғонистон кардани теъдоде аз нерӯҳои 100 ҳазор нафарии Амрико, имрӯз вазирони дифоъи НАТО пешрафтҳо дар ҷанги даҳсола дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои байналмилалӣ ва Амрико дар Афғонистон доир ба авзоъи феълӣ ва дастовардҳо дар ин ҷанг ба вазирони НАТО дар шаҳри Брюссел гузориш медиҳад. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли Паймони низомии Атлантики Шимолӣ дар ин нишаст гуфт, кор барои супурдани масъулияти таъмини амният ба ихтиёри нерӯҳои худи Афғонистон, бар асоси барнома пеш меравад. Амрико қасд дорад, ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистонро аз моҳи оянда шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG