Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба пешгирӣ аз афзоиши нархҳо


Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон сарони маҳаллиро ба пуштибонӣ аз ташаббусҳои Душанбе даъват кард.

Дар хотимаи иҷлосияи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси он, шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар муроҷиат намуда, аз онҳо хост, аз ташаббуси ҳукумати шаҳри Душанберо ба ҷилавгирӣ аз болоравии нархи маводи ғизоӣ пайравӣ ва ҳимоят кунанд.

Вай ишора кард, ки дар пайи бархе аз ташаббусҳои шаҳрдорӣ нархи гӯшт дар Душанбе коҳиш ёфта, вале раванди ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон интиқол ёфтани гӯшт аз пойтахт ба мушоҳида расидааст.

Бино бар навиштаи хабаргузории “Азия-Плюс” ҷаноби Убайдуллоев гуфтааст: “Бо дастури ман гурӯҳи мутахассисони пойтахт ба ноҳияи Данғара сафар кард ва рӯшан намуд, ки килои гӯшт дар бозорҳои маҳаллӣ ба нархи 25-26 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Раиси палатаи болоии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе ёдовар шуд, ки ҳукумати пойтахт бо мақсади пешгирӣ аз афзоиши қиматҳо аз буҷаи шаҳр 4 миллион сомонӣ қарзҳои бебаҳра ихтисос дод.

Ба таври фаврӣ шабакаи махсуси фурӯшгоҳҳои “Олами гӯшт” таъсис дода шуд, ки дар онҳо як килограмм гӯшти хушсифат ба нархи 23 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ба ин қимат дар бозорҳои шаҳр танҳо гӯшти пастсифат харидан мумкин аст ва 1 кило гӯшти хуб 27 сомонӣ нарх дорад.

Ҳамзамон шаҳрдори Душанбе аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки нархҳо дар ниҳодҳои тағзияи ҷамъиятӣ поён нарафтаанд, дар ҳоле ки онҳо масолеҳи гӯштиро аз фурӯшгоҳҳои номбурда ба нархи ниасбатан арзон дастрас мекунанд.

Дар ҳоле ки шаҳрдории Душанбе роҳҳои нави таъсир ба нархи ғизоро озмоиш мекунад, коршиносон мегӯянд, афзоиши қиматҳо бино бар боло рафтани нархи маводи сӯхт иттифоқ афтодааст. Ин афзоиш ба боло рафтани пардохтҳои гумрукии Русия барои содир кардани фуровардаҳои нафтӣ рабт дорад ва ҳоло мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи бозори арзонтари маводи сӯхт рӯ сӯи Туркманистон овардаанд.
XS
SM
MD
LG