Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори нодири палатаи болоии порлумони Қазоқистон


Палатаи болоии порлумони Қазоқистон қарори ирсоли нерӯ ба Афғонистонро барои бознигарӣ ба палатаи поёнии порлумон баргардонидааст. Маҷлиси Қазоқистон, моҳи май қарор дар бораи фиристодани чаҳор сарбоз барои хидмат дар сафи Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО-ро қабул кард, аммо палатаи болоии порлумон имрӯз гуфт, санади мазкур бояд дар ҷаласаи ҳарду палата баррасӣ шавад. То кунун ҳеҷ яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон сарбоз нафиристодааст.
XS
SM
MD
LG