Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия имкони таҷовуз ба номуси занон санҷида мешавад


Луис Морено Окампо
Луис Морено Окампо
Луис Морено Окампо -раиси Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт гуфтааст, бозрасони онҳо нишонаҳоеро ошкор кардаанд. Ин нишонаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки Муаммар Қаззофӣ додааст, то ба номуси занони шӯришиёне, ки мехоҳанд вайро аз қудрат барандозанд, таҷовуз кунанд. Раиси додгоҳи байналмилалӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Нию Йорк дар дафтари СММ гуфт, таҷовуз ба номус эҳтимолан “яке аз ҷанбаҳои нав”-и фишори Қаззофӣ ба мухолифонаш будааст. Луис Морено Окампо дархост кардааст, ки имкони нишонаҳои истеъмоли доруҳои таҳриккунандаи ҷинсӣ, аз қабили виагра, ба баъзе аз низомиён санҷида шавад. Чунин доруҳо низомиёнро ба таҷовузи ҷинсӣ таҳрик мекунад.
XS
SM
MD
LG