Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди НАТО ба зарурати истеъфои Қаззофӣ


Андерс фоғ Расмуссен
Андерс фоғ Расмуссен
Вазирони дифоъи 28 кишвари узви НАТО имрӯз дар Брюссел тааҳҳуд супурданд, ки ”то замоне ки лозим аст”, ба амалиёт дар Либия идома дода, алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ аз ҳама “васоили лозим” кор хоҳанд бурд. Нишасти Брюссел ҳамчунин ба зарурати рафтани Қаззофӣ таъкид кардааст.
Дар рӯзи аввали ин нишасти дурӯза тасмими ҳафтаи гузаштаи НАТО ҷиҳати то 90 рӯзи дигар тамдид кардани амалиёти Либия тасвиб шуд. Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен гуфт: “Ин аломати рӯшан аст, ки НАТО дар ин масир боқӣ хоҳад монд. Ин аломати тааҳҳуди мо ба мардуми Либия аст.”
Аммо Расмуссен афзуд, НАТО дар пайи хатми низоъи Либия фикри истиқрори нирӯ дар он кишварро надорад ва беҳтар аст, агар дар ин раванд нақши раҳбариро СММ бигирад.
Шоми имрӯз Шӯрои НАТО ва Русия нақшаи Ғарб барои истиқрори сипари мушакӣ дар Аврупоро низ баҳс хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG