Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Сурия хабари истеъфояшро сохта номид


Башшор Асад ва Муаммар Қаззофӣ
Башшор Асад ва Муаммар Қаззофӣ
Сафири Сурия дар Фаронса Ламия Шакур хабари истеъфояшро сохта номид. Дирӯз шабакаи телевизионии “France 24” мусоҳиба бо хонумеро пахш кард, ки худро сафири Сурия муаррифӣ карда гуфт, ба нишони эътироз ба саркӯбии хунини эътирозҳои зидди режими Башшор Асад истеъфо медиҳад. Ламия Шакур аммо имрӯз дар шабакаи телевизионии BFM зоҳир шуд ва гуфт, касе дар гуфтугӯи телефонӣ худро ҷаълан ба исми ӯ муаррифӣ кардааст. Хонум Шакур гуфт, шабакаи “France 24”-ро ба маҳзи ин сӯъииттилоъ ба додгоҳ хоҳад кашонд. Ин шабака баъди чанд соати пахши он навор эътироф кард, ки мусоҳибааш шояд сохта бошад.
XS
SM
MD
LG