Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз 100-солагии Мирзо Турсунзода


Дирӯз дар пойтахти Тоҷикистон анҷумани илмие дар мавзӯъи «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди ҳунар ва адабиёти тоҷик» баргузор шуд. Ба навиштаи «Азия Плюс», ин ҳамоиш дар чаҳорчӯби барномаи таҷлил аз 100-солагии ин шоири маъруф аст. Мирзо Турсунзода дар таърихи 2 майи соли 2011 дар рустои Қаротоғ ба дунё омада, то вафоташ дар соли 1977, тайи беш аз ду даҳсола раиси Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон ва ҳам раҳбари Кумитаи дар Маскав ташкилшудаи якдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо буд. Чанд дафтари шеър ва достонҳои «Ҳасани аробакаш», «Ҷони ширин» ва силсилаи «Қиссаҳои Ҳиндустон» маҳсули қалами ӯст. Ба Мирзо Турсунзода дар соли 2001 унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон эъто шуд.
XS
SM
MD
LG