Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизи муддавар дар бораи ришвахорӣ дар Тоҷикистон


Интизор меравад, фардо дар як мизи муддавар дар шаҳри Душанбе дар Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон масъалаи мубориза бо фасодкорӣ баррасӣ шавад. Марказ бо нашри баёнияи расмӣ, ки дар торнамои худ, гуфтааст, дар ин мизи мудаввар масоили муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон, роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин зуҳурот ва монеъ шудан ба пулшӯӣ дар кишвар мавриди баҳс қарор мегирад. Ба эътирофи худи мақомоти расмии Тоҷикистон ришвахориву фасод дар кишвар ба як «расм» табдил шудааст ва мардум додани ришваро як амри маъмулӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG