Телевизиони давлатии Сурия хабар додааст, ки дар шаҳраки Ҷиср ал-Шуғор 120 нафар аз кормандони нируҳои интизомӣ дар даргирӣ бо садҳо нафар афроди мусаллаҳ кушта шудаанд. Иброҳим Шор-вазири корҳои дохилии Сурия гуфт, ҳукумат “хомӯш нахоҳад нишаст” ва ба ононе, ки бар зидди давлат даст бардоштаанд, посухи қотеъ хоҳад дод. Бино ба гузоришҳо, нируҳои амниятӣ муборизаро бо афроди мусаллаҳ идома медиҳанд. Афроди мусаллаҳ дар шаҳраки Ҷиср ал-Шуғор садд дуруст кардаанд. Бо вуҷуди ин фаъолон мегӯянд, задухӯрд дар назди ситоди маҳаллии нируҳои амниятӣ рух додааст. Як корманди полис нахостааст ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушояд ва нируҳои амниятӣ худи вайро ҳадафи тир қарор додаанд. Ин хабарҳоро то ҳол манобеи мустақил таъйид накардаанд.