Пайвандҳои дастрасӣ

Нишони тилои Расул Боқиев дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо


Расул Боқиев
Паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии гуштии дзюдо дар Руминия соҳиби нишони тило дар вазни 73 кило шуд. Расул Боқиев дар мароҳили аввали ин сабқат бар паҳлавонон аз Руминияву Фаронса ва Инглистон пирӯз шуда, дар бозии ниҳоӣ Иосиф Палелашвилӣ аз Исроилро шикаст дод.
Ин нахустин ҳунарнамоии Расул Боқиев баъд аз лат хӯрдани ӯст, ки паҳлавони тоҷикро барои 2 моҳ аз имкони ширкат дар мусобиқот маҳрум кард. Ин пирӯзӣ ба ҷайби Расул Боқиев 100 имтиёз оварда, ӯро шомили бистгонаи беҳтарин гуштигирони дзюдои ҷаҳон дар вазни 73 кило мекунад. Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори нишони биринҷӣ шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG