Исроил Сурияро барои созмон додани нооромӣ дар баландиҳои Ҷавлон, ки сабаби оташ кушодани нируҳои исроилӣ ба сӯи тазоҳуркунандагони ҷонибдори Фаластин шудааст, муттаҳам кард. Мақомоти Сурия мегӯянд, дар оташи нируҳои Исроил 23 нафар кушта, 350 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи нируҳои Исроил мақомоти Сурияро барои таҳрик додани чунин нооромӣ муттаҳам медонад. Ба гуфтаи вай, мақомоти Сурия аз ин роҳ мехоҳанд таваҷҷуҳи маҳофили байналмиллалиро аз шӯришҳои зидди режими Сурия мунҳариф созанд.