Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаҳрак"-и дигари муҳоҷирони корӣ дар Маскав ошкор шуд


Дар имтидоди кӯчаи Верейский дар Маскав “шаҳрак”-и дигари муҳоҷирони кории Тоҷикистону Узбакистон ошкор шудааст. Дар ин шаҳрак ҳудуди 100 нафар муҳоҷирони корӣ аз ин ду кишвар боздошт шудаанд. Дар ин шаҳрак хонаҳо барои чаҳор-панҷ нафар ва ҳаммом сохта шудааст. Муҳоҷирон ғайриқонунӣ аз шабакаи барқи шаҳр барои худ барқ ва аз лулаҳои обрасонӣ об гирифтаанд. Барои бузу гусфандони худ оғилхонаҳо сохтаанд ва ба онҳо аз атроф алафи тару тоза меовардаанд. Раҳбарии ин “шаҳрак”-ро шахсе бо номи Алӣ бар ӯҳда доштааст ва ба тартиби муайян шаҳракро тоза ва қоидаҳои оташнишониро риоят мекардаанд. Мақомоти интизомии шаҳрдорӣ ин “шаҳрак”-ро хароб кардаанд..
XS
SM
MD
LG