Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс ба Кобул рафт


Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс рӯзи шанбе ба Кобул рафт, то пеш аз истеъфояш дар охири моҳи ҷорӣ бо мақомот ва нирӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон мулоқот кунад. Дар ҳайати 130 ҳазорнафараи нирӯҳои посдори сулҳи байналмилалӣ 90 ҳазор сарбози амрикоӣ ҳам барои ба эътидол овардани вазъи ин кишвар талош ба харҷ медиҳанд. Гейтс пеш аз парвоз ба Кобул дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, бо вуҷуҷи ин ки ҳоло ИМА соле 120 миллиард долларро сарфи ҷанг мекунад, қиматтар аз ҳама “шикаст дар ин маърака хоҳад буд”. Гейтс чаҳор соли охир вазири дифои Амрико будааст.
XS
SM
MD
LG