Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар як амбори аслиҳа дар Ижевски Русия


Мақомот дар пайи сӯхтору таркишҳо дар як амбори аслиҳа дар ҳошияи шаҳри Ижевск, пойтахти ҷумҳурии Удмуртистони Русия беш аз 30 000 нафарро кӯчонидаанд. Хонаи баъзе аз ин мардум бар асари таркидани гулӯлаҳо тахриб шудааст. Дар ин амбор тақрибан 10 000 тонна тиру мушак ва муҳимоти дигар нигоҳ дошта мешуд. Бар асари сӯхтору таркиш беш аз 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот мегӯянд, сӯхтор алакай фурӯ нишонда шуд ва таҳдиди билофосилае ба манотиқи атроф дигар надорад.
Сӯхторҳо дар амборҳои аслиҳа дар Русия ҳар сари чанд вақт мушоҳида мешавад. Дар поёни моҳи май сӯхтор дар чунин як амбор дар Бошқирдистон низ ба инфиҷорҳо печид ва мақомот маҷбур шуданд, зери 7000 нафарро аз атрофи он амбор бикӯчонанд.
XS
SM
MD
LG