Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тазоҳуротҳои Сурия 15 нафарро куштаанд


Бино ба гузоришҳо, маъмурони амниятӣ дар Сурия имрӯз дар ҷараёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар шаҳри Растан 15 нафарро куштаанд. Тайи се рӯзи гузашта дар маҷмӯъ дар ин шаҳр, тақрибан 60 нафар ба ҳалокат расидаанд. Пештар аз ин давлати Австралия гуфт, талош дорад, то Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия барои саркӯбиҳои хунини тазоҳургарони зиддидавлатӣ ва бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият ба Додгоҳи байналмилалӣ кашида шавад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, аз замони шурӯъи тазоҳуротҳо аз миёнаҳои моҳи январ то кунун 1000 нафар ва аз ҷумла 25 кӯдак кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG