Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як нафарро ба қатли Политковская муттаҳам карданд


Муфаттишони Русия имрӯз як нафарро расман ба қатли Анна Политковская, хабарнигори шинохта муттаҳам карданд. Дар баёнияи Кумитаи тафтишотии Русия бо нашри баёнияе гуфт, алайҳи Рустам Маҳмудов, ки иҷрокунандаи қатл дониста мешавад ва чанде пеш дар Чеченистон боздошт шуд, мадраки кофӣ ҷамъ овардааст. Анна Политковская, ки аз амалкардҳои давлати Русия ва нақзи ҳуқуқ дар Чеченистон бо тунди лаҳне интиқод мекард, 7 октябри соли 2006 дар назди хонааш дар Маскав кушта шуд. Русияро барои пайдо накардани фармоишгарони қатли хабарнигор дар дохилу хориҷ башиддат танқид кардаанд.
XS
SM
MD
LG