Хабаргузории расмии Миср – МИНО- мегӯяд, ки додгоҳи раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак ва ду фарзанди ӯ рӯзи 3 август шурӯъ хоҳад шуд. МИНО аз қавли як мақоми додгоҳ гуфт, ки Ҳуснӣ Муборак бо иттиҳоми даст доштан дар фасод ва куштори ҳадафмандонаи тазоҳургарон муҳокима хоҳад шуд. Мубораки 83-сола рӯзи 11 феврал таҳти фишори эътирозгарон истеъфо дод. Дар ҷараёни эътирозҳо бо талаби истеъфои ӯ дар Миср беш аз 800 нафар кушта шуданд.