Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлис Аҳмадинажодро ба нақзи қонун айбдор кард


Парлумони Эрон имрӯз раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажодро айбдор кард, ки бо таъйини худ ба симати кафили вазорати нафт қонунро поймол кардааст. Вакилон бо ироаи як гузориш аз қувваи қазоия хостаанд, то ин қазияро таҳқиқ кунад. Аҳмадинажод дар моҳи май эълон кард, ки ҳамчун бахше аз тарҳи ба ҳам овардани вазоратхонаҳои нафту нирӯ назорати риштаи нафти Эронро ба дасти худ мегирад. Ӯ рӯзе баъд вазири нафт Масъуд Миркозимиро барканор кард. Ин иқдоми Аҳмадинажод ба интиқоди зиёд дар парлумон дучор шуд.
XS
SM
MD
LG