Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати FATF имрӯз ба Тоҷикистон меояд


Як ҳайъат аз FATF – Ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул – имрӯз бо ҳадафи роҳандозии ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад. Қарор аст, ин гурӯҳ тайи 3 рӯз вазъи мубориза бо даромадҳои ғайриқонунӣ дар ин кишварро биомӯзад. Тоҷикистон ҳанӯз узви FATF нест, вале дар ин авохир дар чорчӯби гурӯҳи мубориза бо даромадҳои ҷиноӣ ва манобеъи таъмини молии терроризм, ки Ҷомиаи ҳамкориҳои АвроОсиё ташкил додааст, бо ин ниҳоди ҷаҳонӣ низ ҳамкорӣ мекунад. Дар моҳи ноябр раҳбари Хадамоти назорати молии Русия Юрий Чиханчин ҳушдор дода буд, ки Тоҷикистон метавонад ба рӯйхати сиёҳи кишварҳои дахил дар шустушӯи пул шомил шавад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ягон мавриди чунин ҷиноят дар ин кишвар сабт нашудааст.
XS
SM
MD
LG