Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ гуфтааст, аз Либия берун нахоҳад рафт


Раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ баъд аз гуфтшунид бо Муаммар Қаззофӣ дар Троблус гуфт, Қаззофӣ бо вуҷуди афзоиши фишори байнулмилалӣ ва густариши зарбаҳои НАТО омодаи тарки Либия нест. Якоб Зума рӯзи душанбе бо Қаззофӣ сари нақшаи пешниҳодии Иттиҳоди Африқо баҳси тӯлонӣ дошт ва ба нақл аз Қаззофӣ гуфт, вай Либияро тарк нахоҳад кард. Нозирони вазъ бар инанд, ки зарбаҳои НАТО ва густариши бӯҳрони башарӣ барои амнияти шахсии раҳбари Либия шабеҳи минаҳои соатиянд.
XS
SM
MD
LG