Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили мудофеъ гуфтааст, Младич ба мурофиа намеравад


Милош Салйич-вакили мудофеи Ратко Младич
Милош Салйич-вакили мудофеи Ратко Младич
Милош Салйич-вакили мудофеи Ратко Младич-фармондеҳи пешини низомии сербҳои Босния мегӯяд, вай ва аъзои хонаводаи Младич интизор надоранд, ки вай қабл аз оғози мурофиа ба додгоҳи Ҳейг биравад. Онҳо мехоҳанд бар зидди истирдоди Ратко Младич ба додгоҳи байналмиллалии Ҳейг ариза бинвисанд. Хонаводаи вай иддао дорад, ки саломатии ин фармондеҳи собиқи 69 сола, ки баъд аз 16 соли фирор боздошт шуд, хуб нест то ба додгоҳи Ҳейг биравад ва дар мурофиа ширкат ҷӯяд. Милош Салйич-вакили мудофеи вай дар Белград гуфт:

“Ман интизор нестам, ки мурофиа баргузор шавад. Ман фикр намекунам, ки вай қабл аз оғози мурофиа он ҷо биравад”.

Ратко Младичро барои ҷиноятҳои зидди башарӣ ва қатли от муттаҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG