Рӯзи чаҳоршанбе Федерасюни байнулмилалии футбол, ФИФА, раҳбари нави худро интихоб мекунад. Муҳаммад бин Ҳаммом, ки ягона рақиби Блаттер дар ин интихобот буд, аз сабқат маҳрум гашт, зеро фаъолияти ӯ дар робита бо моҷарои ришват муваққатан қатъ гашт. Худи ӯ аллакай эълон кард, ки ба хотири ҳифзи обрӯи худ аз сабқат хориҷ мешавад. Ноиб-президенти ФИФА, Ҷак Ворнер низ муваққатан аз фаъолияташ дар ин созмон барканор шудааст.