Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, се узви Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро дар шимоли он кишвар боздошт кардаанд. Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон бо интишори баёнияе дар ин робита гуфтааст, ки ин се тан дар вулусволии Чаҳорсада дар вилояти Қундуз боздошт шуданд. Ба гузориши бахши афғонии Радиои Озодӣ дар он эъломия омадааст, ин се тан дар Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки як созмони терористӣ аст, фаъолият мекарданд ва ба чанги маъмурони амниятии афғон афтоданд. Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба феҳрасти созмонҳои терористӣ шомил шудааст ва мақомоти Тоҷикистон аъзои онро дар қаламрави кишвар боздошт кардаанд.