Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори "охирини" Ҳомиди Карзай ба артиши Амрико


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, имрӯз аз низомиёни Амрико хост, нагузоранд, то дар амалиёти онҳо ғайринизомиён қурбон шаванд ва гуфт, ин “охирин ҳушдор” ба Вашингтон аст. Дар вокуниш ба марги 10 кӯдак ва ду зану ду мард дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар рӯзи шанбе дар вилояти Ҳилманд, Ҳомиди Карзай гуфтааст, ин ҳодиса “қатли кӯдакону занони Афғонистон” аст. Бино ба гузоришҳо дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ба раҳбарии Амрико дар ноҳияи Навзоди вилояти Ҳилманд 10 кӯдак ва ду зану ду мард кушта шуданд. Тим Ҷеймс, сухангӯи НАТО гуфт, маҳалли ҳодиса аз тарафи нерӯҳои эътилоф таҳқиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG