Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои пайи ҳами ҳавопаймоҳои НАТО ба Либия


Ҳавопаймоҳои НАТО пайи ҳам панҷ шаб аст, ки дар шаҳри Троблус, пойтахт таъсисоти марбут ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либияро ҳадаф мегиранд. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Либия, шаби гузашта ба чанд мавзеъ ҳамла шудааст ва дар шаҳри ҷанубии Мизда низ бар асари ин ҳамлаҳо, “хисороти ҷониву молӣ” дидааст. Пештар аз ин дар нишасти сарони кишварҳои гурӯҳи Ҷи 8 дар Фаронса, Русия бо ҳамраъйӣ бо қудратҳои ғарбӣ аз Муаммар Қаззофӣ, хост аз қудтар биравад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфт, Қаззофӣ, ки беш аз 43 сол аст дар Либия ҳукумат мекунад, дигар ҳаққи раҳбарии ин кишварро надорад.
XS
SM
MD
LG