Шаби чорум аст, ки НАТО пойтахти Либия –Троблусро шадидан бомббор мекунад. Бино ба гузориши Ройтерс, аз қароргоҳи ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ дуд баланд шудааст. Қаблан Испания гуфт, сарвазири Либия пешниҳоди оташбаси билофосила кардааст, вале Амрико ин пешниҳодро ғайривоқеъӣ хонда, радд мекунад. Дар ҳамин ҳол, чирикиҳое, ки алайҳи 41 соли ҳукумати Қаззофӣ меҷанганд, мегӯянд, дар як набарди сангин дар Мисрота 3 ҷанговарро аз даст додаанд. ИА гуфт, сафири Либия дар ин созмон Ҳодӣ Ҳудайба ба тарафи мухолифини Қаззофӣ гузаштааст.