Пайвандҳои дастрасӣ

Кишинёв сабтиноми Лигаи исломиро бозбинӣ мекунад


Митрополит Владимир
Сарвазири Молдова Влад Филат зимни мулоқот бо раҳбари калисои православӣ митрополит Владимир ваъда дод, ки сабтиноми ахири Ислом ба ҳайси яке аз динҳои эътирофшуда дар ин кишварро бозбинӣ хоҳад кард. Вазорати адлияи Молдова баъди чанд соли талошҳои нокоми ақалияти мусалмон дар моҳи март Лигаи исломиро расман сабтином кард. Аммо ин тасмим ба мавҷи эътирозҳо аз сӯи калисои православӣ, ки аксари ҷамъияти Молдова аз он пайравӣ мекунанд, рӯбарӯ шудааст.
Ҳафтае пеш дар чанд шаҳри Молдова беш аз 1000 масеҳӣ бо талаби лағви сабти номи Лигаи исломӣ раҳпаймоӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG