Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс ироқиҳоро ба тамдиди ҳузури Амрико даъват кард


Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, мегӯяд, умедвор аст, ки ҳукумати Ироқ хостори ҳузури бештари нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави Ироқ мешавад. Қарор аст, нерӯҳои Амрико дар поёни имсол бо назардошти вазъи Ироқ ин кишварро тарк кунанд. Гейтс мегӯяд, ҳузури давомдори нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ба истиқрори субот ва амният, ки солҳои охир дар Ироқ устувортар мешавад, кӯмак хоҳад кард ва Ироқ метавонад намунаи як ҷомеаи бисёрмазҳабӣ дар ҷаҳони араб шуда, демократияи амалкунандаро намоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG