Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ) мегӯяд, ҳаҷми харидуфурӯши асъори хориҷӣ дар кишвар дар 4 моҳи аввали сол беш аз 3 миллиард доллар шудааст. Манбаъи “Азия Плюс” дар ин ниҳоди молӣ гуфтааст, Бонки миллӣ танҳо дар моҳи апрел ба бозори асъор 9,8 миллион долларро ба фурӯш баровард, вале дар 18 рӯзи аввали моҳи май ба манзури ҳимоят аз қурби сомонӣ 10,4 миллион доллар пули нақд аз Бонки миллӣ ба ин бозор рафтааст. Агар дар аввали моҳ қурби як доллар дар давру бари 4,5 сомонӣ буд, ҳоло як доллар дар арзфурӯшиҳо то 4 сомониву 66 дирам шудааст.