Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоири ӯзбак: "Шиканҷа дар зиндонҳо кори маъмулист"


Юсуф Ҷумъа, як шоири дигарандеши шинохтаи ӯзбак, ки чанде пеш аз зиндон раҳо шуд, мегӯяд, азияту шиканҷаи зиндониён дар зиндонҳои Ӯзбакистон ба таври густурда мушоҳида мешавад. Ӯро соли 2008 бо гуноҳи “муқовимат ба корманди пулис ва захмӣ кардани ду нафари онҳо” дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар шаҳри Бухоро зиндонӣ карданд ва рӯзи 18 майи баъди адои се соли ҳукми панҷсолаи зиндон раҳо шуд. Ӯ рӯзи баъдаш ба Амрико рафт ва аз онҷо ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, дар зиндони наҳси Ҷаслиқ, азияту шиканҷааш кардаанд ва 15 рӯз дар ҳуҷраи танҳо бе ҳеҷ сабаб нигоҳаш доштаанд. Ба гуфтаи ӯ дигар зиндониёни ӯзбакро ҳар рӯз азобу шиканҷа ва бо онҳо бадрафторӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG