Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия дар Амрико намояндагӣ мекушоянд


Як мақоми баландпояи Амрико гуфт, шӯришиёни Либия, даъватнома ҷиҳати боз кардани намояндагиашон дар Вашингтонро гирифтаанд. Ҷефрӣ Фелтман, дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Шарқи Наздик дар ин бора дар шаҳри Бенғозии Либия сухан гуфт, ки дар дасти шӯришиён аст. Ӯ афзуд, “даъватномаи расмӣ ба раҳбарони шӯришиён дода ва аз тарафи онҳо пазируфта шуд.” Фиристодаи давлати Амрико ба хотири гуфтӯгу бо раҳбарони Шӯрои Гузори Миллии Либия дар шаҳри Бенғозӣ қарор дорад. Пештар аз ин бино ба гузоришҳо, ҳавопаймоҳои НАТО ба таъсисоти мутааллиқ ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия 20 ҳамлаи ҳавоӣ кардаанд ва наздикии як қароргоҳи ӯ дуди ғалих ба осмон мепечид.
XS
SM
MD
LG