Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомббори Троблус аз сӯи ҳавопаймоҳои НАТО


Қаззофӣ фикри рафтан надорад
Қаззофӣ фикри рафтан надорад
Троблус, пойтахти Либия, субҳи имрӯз ҳадафи бомббори ҷангандаҳои НАТО қарор гирифт. Ассошиэйтед Пресс дар бораи зоҳиран на камтар аз 20 зарбаи ҳавоӣ хабар медиҳад. Бино ба хабарҳо, баъд аз ин ҳамалот аз минтақаи атрофи қароргоҳи ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ дуд ба ҳаво хест. Сухангӯи режими Қаззофӣ Мӯсо Иброҳим гуфт, бар асари ҳамлаҳо дастикам 3 нафар кушта ва 150 тани дигар захмӣ шудаанд. НАТО гуфт, ҳадафи бархе аз зарбаҳо як амбори мошинҳо дар наздикии қароргоҳи Қаззофӣ буд. НАТО 2 моҳ боз ба хотири кумак ба чирикиҳо таъсисот ва нирӯҳои низомии содиқ ба Қаззофиро таҳти бомббор қарор медиҳад.
XS
SM
MD
LG