Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании тоҷикҳову чеченҳо дар Уфа


Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни задухӯрди байни тоҷикҳову чеченҳо дар Уфа 4 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Гуфта мешавад, дар ин задухӯрд дар амбори сабзавоти Затонская дар пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия то 300 нафар аз ду ҷониб ширкат кардаанд. Рӯзе пеш як корманди маъмурияти ин амбор, ки аз Чеченистон будааст, бо як ҳаммоли тоҷик даргир шуда, ба пойҳои ӯ тир меандозад. Муҳоҷири тоҷик аз ангуштони пояш тир хӯрда, ба табибон муроҷиат мекунад. Рӯзи 23 май ин низоъ ба занозании бузург байни тоҷикҳову чеченҳо печид, ки дар натиҷа 3 тани дигар захмӣ шуданд.
Барои хатми занозанӣ ҳатто нирӯҳои ОМОН даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG