Аммо тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматӣ дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон ба таври хушунатбор ба мошине, ки дар дохили он одамон нишаста буданд, ҳамла бурдаанд.
Як рӯз пеш аз ин ҳодиса ҳазорон нафар аз мухолифони давлат ба нишонаи эътироз ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро талаб карданд.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи хабаргузориҳо собиқ раиси парлумони Гурҷистон, Нино Бурҷанадзе тазоҳуроти густурдаи мухолифинро “оғози инқилоб” дар кишвараш хондааст.
Хонум Бурҷанадзе, ки яке аз саркардагони “инқилоби лолаӣ” дар соли 2003 буда, барои ба сари қудрат расидани Михаил Саакашвилӣ кӯмак кардааст, имрӯз аз пешвоёни мухолифон аст ва талаби истеъфои раисиҷумҳурро дорад.
Рӯзи шанбе, 21-уми май, ҳазорон нафар аз ҷонибдорони мухолифин ба кӯчаву хиёбонҳои Тифлис ва Батуми рехта, истеъфои Саакашвилиро талаб кардаанд.
Эътирозгарон раисиҷумҳури Гурҷистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки ӯ ба низоми худкомаӣ роҳ додааст.
Нино Бурҷанадзе, яке аз раҳбарони “Маҷлиси мардумӣ”, созмони мухолифон, низ Гурҷистони кунуниро ба Шӯравии собиқ монанд карда ва гуфтааст, ки “мо ҳоло дар давлати необолшевикӣ зиндагӣ мекунем.”
Тазоҳуроти рӯзи шанбе яке аз бузургтарин тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ аз соли 2009 ба инҷониб дар Гурҷистон будааст.
Эътирозгарон раисиҷумҳури Гурҷистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки ӯ ба низоми худкомаӣ роҳ додааст...