Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Барномаи рушди ҳазораи СММ


СММ мегӯяд, ки Тоҷикистон дар роҳи иҷрои Барномаи рушди ҳазораи ин созмон гоми муҳиме бардоштааст.

Ин матлабро Ҳелен Кларк, муовини аввали дабири Кулли СММ ва мудири Барномаи Рушди ин созмон, зимни мулоқоти худ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон баён доштааст.

ГОМИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН

Хонум Кларк гуфт, ки Тоҷикистон то кунун дар бархе аз масоили Барномаи рушди ҳазора, аз ҷумла дар ислоҳоти бахши кишоварзӣ ва баъзе соҳаҳои дигар ба пешрафтҳое даст ёфтааст. Ӯ афзуд, ба пешбинии мутахассисон, Тоҷикистон қодир аст дар ҳамаи ҳадафҳои ин барнома ба пешрафтҳо ноил шавад.

Ба гуфтаи хонум Кларк, гузоришҳо роҷеъ ба дастёбии давлатҳои миллӣ ба аҳдофи Барномаи рушди ҳазора бо се ранг тасниф мешаванд. Ранги аввал барномаҳое ҳастанд, ки иҷро шудаанд, ранги дуввум ранги масоили дар ҳоли иҷро ва ранги севвум масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд ва таҳти ранги севвум масоили каме барои Тоҷикистон боқӣ мондааст.




Ӯ мегӯяд, «барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, то сармоягузории бахшҳои маориф ва тандурустиро афзоиш диҳад. Вале як масъалаи дигаре, ки боиси кундии раванди рушди барномаи ҳазора мешавад, адами дастрасӣ ба манобеи энержӣ аст».

Тоҷикистон яке аз ҳашт кишвари озмоишии ҷаҳон барои иҷрои Барномаи рушди ҳазораи СММ аст.

Тоҷикистон барномаи рушди миллии худ то соли 2015-ро бар асоси аҳдофи Рушди ҳазора таҳия кардааст.

Ҳадафҳои аслии ин барнома, фароҳам кардани имконот барои дастрасии мардум ба хадамоти иҷтимоъӣ, расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва коҳиши мизони фақр дар миёни ҷомеъа мебошад.

ОЁ БАРНОМАҲОИ СММ АМАЛӢ МЕШАВАНД?

Бар асоси Барномаи рушди ҳазораи СММ, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бояд ба кишварҳои рӯ ба рушд 30 миллиард доллар кӯмаки молӣ кунанд. Аз ҷумла Тоҷикистон бояд 2, 5 миллиарди ин маблағро соҳибӣ кунад.

Аммо оё дар воқеъ иҷрои Барномаи рушди ҳазораи СММ дар Тоҷикистон қобили дидан аст? Ва мизони камбизоатӣ бар асоси он коҳиш пайдо кардааст? Ва ё чӣ коре муҳим дар ин замина бояд ба иҷро бирасад?

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки дар воқеъ
Зафар Абдуллоев, коршиноси масоили иқтисодӣ

бархе аз тарҳҳое, ки тавассути Барномаи рушди СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилаӣ иҷро шудааст, хоса тарҳҳое, ки мустақиман бо ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаҳои маданӣ, ҷамъиатҳо ва иттиҳодияҳои иҷтимоӣ иҷро шудаанд, қобили дидан ва ламс мебошанд.

СММ БА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ҲАМКОРӢ КУНАД

Аммо Барномаи рушди ҳазора ба густардагии ҳадафҳои эълоннамудаи худ даст наёфтааст. Аз ҷумла барои онки мегӯяд Зафар Абдуллоев: «Дар худи системаи БР СММ чӣ дар Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон мисли он, ки дар дохили ҳукумати Тоҷикистон ҳам зуҳуроти манфии зиёд вуҷуд дорад, аз ҷумла истифодаи ғайри мақсади воситаҳои пулӣ ва фасоди идорӣ, ки борҳои собит шуда ва мешавад. Ба назари ман, ин мушкили аслӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои барномаи ҳазораест, ки СММ ва ҳукумати Тоҷикистон эълон кардаанд.»

Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, як роҳи дастёбӣ ба аҳдофи Барномаи рушди ҳазора, ҳарчӣ шаффофтар сохтани барномаҳоест, ки дар ин чаҳорчӯб иҷро мешавад ва роҳи дигар ҳам бештар рӯ овардан ба ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Зеро ба гуфтаи оқои Абдуллоев, зарфи чанд соли охир аксари ниҳодҳои сармоягузори хориҷӣ ба як навъ филиали ҳукумат табдил шудаанд ва дар ҳамкории ниҳодҳои ҳукуматӣ ё бо машварати онҳо амал мекунанд, ки кори дурусте дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазора нест.
XS
SM
MD
LG