Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳ хостори баргузории интихобот шуд


Алӣ Абдулло Солеҳ, раисиҷумҳури Яман, хостори баргузории интихоботи қабл аз вақти президентӣ дар кишвар шуд.

Изҳороти Солеҳ дар ин бора дар ҳамоиши ҳазорон ҷонибдоронаш дар пойтахт - шаҳри Санъо замоне пахш шуд, ки дар майдони ҳамсоя тазоҳурот бо талаби истеъфои раисиҷумҳур идома дошт.

Дар суханронии худ Солеҳ аз тарҳи пешниҳодии Шӯрои кишварҳои Халиҷи Форс дар робита ба ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар Яман ҳам ёдовар шуд. Ахиран ҳизби ҳукмрони Яман хабар дод, созиш бо мухолифин, ки дар ин тарҳ пешбинӣ шудааст, рӯзи якшанбе имзо хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, 30 рӯз баъд аз имзои созиш Алӣ Абдулло Солеҳ бояд аз мақоми раисиҷумҳур истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG