Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Толуқон имрӯз ҳам идома карданд


Дар вилояти Тахори Афғонистон ду рӯз боз намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳалокати сокинони осоишта бар асари амалиёти шабонаи нерӯҳои НАТО идома доранд.

Имрӯз дар хиёбонҳои шаҳри Толуқон, ки он ҷо амалиёти низомӣ баргузор шуд, тақрибан 200 нафар ҷамъ омаданд. Онҳо дӯкону мошинҳоро оташ зада, сӯи кормандони ҳифзи тартибот санг андохтанд. Кормандони полис ба хотири хатми бенизомиҳо сӯи ҳаво оташ кушоданд.

Рӯзи чаҳоршанбе бар асари бархӯрди эътирозгарон ва полис дар ин шаҳр дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд.

Намояндагони НАТО мегӯянд, ҳамаи чаҳор нафари бар асари амалиёти шабона дар Толуқон кушташуда мусаллаҳони мухолифи ҳукумат буданд.
XS
SM
MD
LG