Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли мухолифони Озарбойҷонро ҷазо доданд


Як фаъоли мухолифони давлати Озарбойҷонро, ки аз тариқи портали иҷтимоии Фейсбук мардумро ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ даъват карда буд, ба зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи ноҳияи Ғанча, Бахтиёр Ҳоҷиевро ба саркашӣ аз хидмат дар сафи артиш гунаҳкор донист ва ӯро барои ду сол ба зиндон фиристод. Бахтиёр Ҳоҷиеви 29-сола, хатмкардаи донишгоҳи Ҳарвард ва номзади собиқ ба вакили порлумонb Озарбойҷон, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад ва мегӯяд, ӯро на барои артиш, балки барои даъвати ҷавонон барои тазоҳурот дар рӯзи 11 март ҷазо додаанд.
XS
SM
MD
LG