Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории Медведев аз ифшои нақшаҳояш барои оянда


Медведев дар Сколково
Медведев дар Сколково
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Сколково аз ифшои барномаи худ барои ширкат дар интихоботи соли оянда боз ҳам худдорӣ кард. Ӯ гуфт: “Агар ман ба қароре бирасам, изҳорот хоҳам дод. Фурсати зиёде барои интизорӣ дигар боқӣ намондааст. Ин як изҳороти, метавон гуфт, хеле зудрас аст.”
Нишасти имрӯзаи Медведев беш аз 800 хабарнигорро гирд оварда, бузургтарин сӯҳбати ӯ бо хабарнигорон тайи се соли раёсаташ хонда мешавад. Аксар умед доштанд, ки Медведев ширкат кардан ё накарданаш дар интихоботи соли оянда барои давраи нави шашсолаи раёсатро эълон хоҳад кард. Дар маҳофил аммо ҳадс мезананд, ки ғолибан ба ин мақом сарвазири феълии Русия Владимир Путин бар хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG