Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи истеъфои Страусс-Кан матраҳ мешавад


Страусс-Кан дар додгоҳи Ню-Йорк
Страусс-Кан дар додгоҳи Ню-Йорк
Фишорҳо бо талаби истеъфои мудири Сандуқи байналмилалии пул меафзояд. Доминик Страусс-Кан аз рӯзи шанбе дар Ню-Йорк бо иттиҳоми қасди таҷовуз ба номуси як хидматгори меҳмонсаро таҳти боздошт қарор дорад. Ӯ ин иттиҳомро радд мекунад. Аммо вазири дороии Амрико Тимотӣ Гейтнер гуфтааст, Страусс-Кан дигар “дар вазъияте нест, ки ба ин ниҳод раҳбарӣ кунад”. Як мақоми аршади Бразилия гуфтааст, раҳбари ояндаи Сандуқи Пулро бояд аз як кишвари бузурги дар ҳоли рушд интихоб кард. Вазорати хориҷаи Чин гуфт, раванди интихоб бояд “одилона, шаффоф ва шоиста “ бошад.
XS
SM
MD
LG