Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгароёни рус як армании ҷавонро куштанд


Иттиҳодияи арманиҳои Русия мегӯяд, як армании ҷавон, ки ҳафтае пеш аз тарафи миллатгароёни ашаддии рус бераҳмона латукӯб шуд, фавтидааст. Левон Муканиён, муовини раиси иттиҳодия ба бахши армании Радиои озодӣ гуфт, гурӯҳе аз ҷавонони рус Григор Усниёни 22-соларо бо ду дӯсташ 8 май дар рустои Новий Бит дар вилояти Маскав бераҳмона задаанд ва Григор бинобар зарб хӯрдани сараш фавтидааст, вале ба ҷони дӯстонаш хатар таҳдид намекунад. Иттиҳодияи арманиҳои Русия дар бозгардонидани ҷасади ҷавони 22-сола ба Арманистон мусоидат кардааст.
XS
SM
MD
LG