Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳомдорони Роғунро рӯзи 26 май ҷамъ мекунанд


Нахустин ҷаласаи саҳомдорони нирӯгоҳи Роғун рӯзи 26 май доир хоҳад шуд. Мудири идораи қоғазҳои қиматбаҳои вазорати молияи Тоҷикистон Ҷамшед Шерматов ба хабаргузории Регнум гуфтааст, онҳо феълан ба таҳияи рӯйхати саҳомдорони Роғун машғуланд. Вале оқои Шерматов аз ифшои шумори чунин афрод худдорӣ карда, гуфтааст, чунин омор сирри тиҷорист.
Давлати Тоҷикистон дар аввали соли 2010 ба хотири шурӯъи мустақилонаи сохтмони нирӯгоҳи барояш муҳими Роғун маъракаи густардаи фурӯши дар бисёр маворид иҷбории саҳмияҳои ин нирӯгоҳро ба роҳ андохт ва 186 миллион доллар ба даст овард.
Ин маърака баъди ҳамагӣ 3 моҳ баъди дахолати созмонҳои кумакрасон мутаваққиф шуд.Вале аксари саҳомдорон бо гузашти якуним сол намедонанд, ки сарнавишти пули ба Роғун додаи онҳо чӣ шуд.
XS
SM
MD
LG